ҲУҚУҚ ВА МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Қубодиён: Андеша  

      Зан яке аз бузургтарин мавҷудоти олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад. Агар дар бобатибузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гӯем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд.Бузургтаринҳо аз уламову пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд.

     Аммо, агар ба таърихи гузаштаи халқиятҳои башар нигарем, маълум мегардад, ки на дар ҳама давра иззату эҳтироми зан ба дараҷаи аъло пазируфта мешудааст ва мақому манзалати он низ на он қадар устувор будааст. 

     Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши муҳимро дошт ва дар ҷои намоён хоҳад монд, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Маълум, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз руйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

     Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории қадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул гардида, амалӣ мегарданд.Мақсад аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон мебошад.

    Бузургтарин вазифаи модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, нобиғаву хирадманд, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст. Ин рисолат дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи зарурӣ амалӣ гашта, боиси харчи бештар фаъол гаштани нақши занон дар ҷомеа гардидааст.

     Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои  Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид. Ин ҳама дастгириҳо, хусусан занону модаронро  водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта, содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи  Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд. Хуллас ин, ки барои ояндаи дурахшони давлату миллат, оилаву тарбияи насли наврас ва ободии диёр зани тоҷик ҳамеша омадааст, саҳми худро гузорад.

 

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат