БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия пайваста Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардида истодааст. Ин навбат дар асоси нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бустон”-и ноҳия аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи ташкилот, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуд. Аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар тозаю озода нигоҳ доштани симои ташкилоти ибтидоӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.