ФАРЗАНДИ ШУҶОЪИ ВАТАН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Сарбози ихтиёрӣ" вобаста ба ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даъвати баҳории соли 2024, аз ҷониби Кумита иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва падару модарон як қатор суҳбату вохуриҳоро баргузор карда шудаанд.

          Натиҷаи чунин суҳбату вохӯриҳо санаи 3-юми апрели соли 2024 фарзанди шуҷои Ватан Матбабаев Достон бо падараш Матбабаев Алишер ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ташриф оварда омодааст,  ки ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ рафта дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро адо кунад.

   Ногуфта намонад, ки Матбабаев Достон дар оила фарзанди ягона буда бо хоҳиши худ ва бо иҷозати волидон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватан сафарбар шуда истодааст. Бояд мо ҷавонон ҳама вақт барои адои хизмати модар Ватан тайёр бошем.

   Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, шахсан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин ба Матбабаев Достон шаҳодатномаи ҳизбии "Сарбози ихтиёрӣ" дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.