ВОХӮРИИ СУДМАНД БО НАСЛИ ҶАВОНОНИ ОЯНДАСОЗ

Қубодиён: Созандагони ватан  

Санаи 1-уми апрели соли равон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ – ватанпарастии ҷавонон, дар якҷоягӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар муассисаи таълимии №54-и ноҳияи Қубодиён бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

       Зимни вохӯрии мазкур масъулон вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иброз доштанд, ки ҷавонони даврони истиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ва пайравони Пешвои миллатанд. Ҷавонон бояд, дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри тарғиби ҳар чӣ бештари худшиносиву худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстии ҷомеа талош варзанд. Бо ин васила мо метавонем дар ободию пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем.