ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ БА АЪЗОИ  САЗОВОР

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми марти соли равон  масъулони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тибқи нақшаи фаъолият бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб бо қарори ташкилоти ибтидоии “КАТС” ҷиҳати аъзо шудан ба сафи ҳизб шахсони сазовор пешниҳод гардид. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қарори ташкилоти ибтидоӣ оиди қабул ба сафи ҳизбро ба расмият дароварда шуда шаҳодатномаи ҳизбӣ дода шуд.

Тибқи рӯйхат ва пешниҳоди ҳисоботи омории ташкилоти ибтидоӣ ба нафарони ба сафи ҳизби ташкилоти ибтидоӣ қабулшуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуданд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзошударо табрик намуда қайд намуданд, ки ҳизби мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.