ҶАВОНОН ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Намозова Холида санаи 14-уми марти соли 2024 бо донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён” вохӯрӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ бо ҷавонони замони соҳибистиқлол оид ба  мавзӯҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд",  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ҳарбии ватандӯстии шаҳрвандон”,  баланд бардоштани  савияи дониши хонандагон дар рӯҳияи Ватаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани мақому манзалати занон, рӯӣ овардани занону духтарон ба фарҳанги бегона, пешгирии таълимоти дини ғайрирасмӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми  навбатии хеш ироа намуданд ва омода намудани даъвати ҷавонон ба хизмати  ҳарбӣ суханронӣ намуданд.