ҶАВОНОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ БОЯД КАРД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 14-уми марти  соли ҷорӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин бо ҷавонони фаъоли МТМУ №47-и ноҳия дар мавзуъи “Ҷавонон набояд фирефтаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша шаванд” мулоқот баргузор намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобидди дар рафти вохӯри оид ба мавзуъи мазкур андешоҳои худро иброз намуда, қайд карданд,  ки  ҷаҳон ва минтақа дар вазъи мураккаб қарор дошта, хурдтарин иштибоҳи мо метавонад ҷомеаи осудаву ороми кишварро халалдор созад. Бояд ҳар як шахси ба ору номуси Ватан ҳадафи пок дошта бошад ва оромии мамлакатро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Сулҳу субот яке аз неъматҳои бузургтарин ва муқаддастарин ба ҳисоб меравад. Барои таъмини амният ва ободии кишвар ҳар як фарди тоҷик уҳдадор аст, ки софдилона хизмат намояд ва ҳар зарра хоки диёрро муқаддас шуморад.