ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи модарон ва фарорасии баҳори накӯпай санаи 6-уми марти соли равон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён занон ва бонувони Кумитаи иҷроия қадрдонӣ карда шуданд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мушкилоти беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали Истиқлолият ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд.

Рӯзи Модар муборак, модарну бонувони азиз!