ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛОН БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи модарон ва фарорасии баҳори накӯпай санаи 6-уми марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён занон ва собиқадорони ноҳияро бо тӯҳфаву сипосномаҳо қадрдони карда шуданд. Роҳбарияти олии кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо мақсади баланд бардошатни мақому манзалати зан дар ҷомеа ва таъин гардидани онҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ҳар як баромадҳояшон таъкид мекунанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мушкилоти беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.