МОДАР- ФАРИШТАИ ЗАМИНИ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи модарон ва фарорасии баҳори накӯпай бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, мудири бахши кор бо занон Намозова Холида, дар толори қасри фарҳанги ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Модар- фариштаи заминӣ” сурат гирифта, ба занону ҷавондухтарон ҳамчун рамзи баҳорӣ гул тақдим карда онҳоро бо рӯзи модарон ва Иди баҳор табрик намуданд.

Роҳбарияти олии кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо мақсади баланд бардошатни мақому манзалати зан дар ҷомеа ва таъин гардидани онҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ҳар як баромадҳояшон таъкид мекунанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мушкилоти беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали Истиқлолият ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд.

Рӯзи Модар муборак, модарну бонувони азиз!