ҶАВОНОН ХЕШТАНШИНОС БОЯД БОШАНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсии онҳо аз ҷониби кормандони масъули Кумита бо хонандагони синфҳои 10 - 11- и муассисаҳои таълимӣ соатҳои тарбиявӣ  - сиёсӣ баргузор гардида истодааст.
Дар рафти соати сиёсии тарбиявӣ  оид ба хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ  ва дӯст доштани Ватан, миллат ва давлат суханрони карда шуд.
Ҳамзамон хотиррасон карда шуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ таъкид карда мегӯянд, ки ҷавонон ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро бояд аз даст надиҳанд.