ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БА РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Вожаи ватандӯстӣ аз нигоҳи илмҳои ҷомеашиносӣ маънои дӯст доштани  Ватан-модар, зодгоҳ, марзу буми аҷдодӣ, содиқ будан ба халқу Ватани хеш, меҳанпараст будан ва хизмат ба халқу Ватан маънидод мегардад.

 Санаи 26-уми октябри соли равон масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо хонандагони МТМУ  №15 сӯҳбату вохӯрӣ доир намуд.