БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №54

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, худшиносӣ, тибқи нақшаи муштараки  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон ва Вазорати  Маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №54-и ноҳия бо иштироки омӯзгорони муассиса байни хонандагони синфҳои болои Соати сиёсӣ дар мавзуҳои зерин: “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Маърифати Ҳуқукӣ”, “Терроризм ва Эстремизм”,   “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар”, “Фарҳанги миллӣ” гузаронида шуд.