ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23-феврали соли 2024 дар толори қасри Фарҳанги ноҳияи Қубодиён чорабини бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, собиқадорони ҳизб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷавонону фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ба муносибати 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҳамагонро бо рӯзи 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, инчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва комисариати ҳарбии ноҳия ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, барои хизматҳои содиқона, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафи муқаддаси худ дар ҳимояи марзу буми Ватан-Модар бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин аз тарафи ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”  чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ҷавонони Қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён дар сатҳи баланд баргузор гардид.