ТАҚДИМИ МАВОДҲОИ ГИГИЕНӢ БА САРБОЗОН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Саннаи 17 феврали соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муносибати 31- солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи сарҳадии “Ҳошма”-и ноҳияи Қубодиён бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобуддин ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ доир гардид. Сараввал Ҳусейнзода Наврӯз – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба сухан баромада, афсарон ва сарбозони дидбонгоҳро ба ифтихори таъиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нақши Артиши миллиро дар раванди барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ махсусан муҳим арзёбӣ менамоянд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дода, дар роҳи таъмини оромию осудагӣ ва амнияти кишвар ҷидду ҷаҳд намуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки дар кишвар низоъҳои дохилӣ ба миён омада буданд. Иштироки фаъолонаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат, дар натиҷаи руҳияи баланди ватанпарварӣ, малакаи баланди ҷангӣ, садоқат ба принсипҳои соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ ва хизмати фидокорона ба мардум имконпазир гашт. Ҳамин тариқ, марҳила ба марҳила ва зина ба зина Қувваҳои Мусаллаҳ комилтар ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифозат ва нигаҳдории кишвар ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд ва ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт.

Баъд аз анҷоми мулоқот мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бо сарбозон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид. Сипас як қатор афсарон ва сарбозон бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб қадрдонӣ гардонида, шуданд. Ҳамчунин ба зиёда 100 нафар сарбозон маводҳои гигиенӣ тақдим карда, шуд.