САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ ДАР ХУНИ МОСТ!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 16-уми феврали соли 2024 дар назди бинои Почтаи тоҷик бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳрак” ва бо дастгирии омӯзгорони Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Қубодиён дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”  зиёда аз 30 дона ниҳоли хушсифати дарахти ҳамешасабзи арча шинонда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар корхонаву муассисаҳои ноҳия сабзу хуррамгардонӣ, гулшинонӣ ва нарм намудани замин бо маром рафта истодааст.