ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭҲЁГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарпарвари тоҷик буда, пайвандгари насли имрӯза ба гузаштаи таърихи башариятанд. Имрӯз бо дарки ин муҳимият дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марказҳои гуногуни омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият доранд. Дар ин марказҳо сокинон ба омӯзишу фаъолият ҷалб шудаанд. Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, соли 2018 дар ҷумҳурӣ “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки он дар роҳи эҳё намудани ҳунарҳои халқӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

 Аз ин лиҳоз, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Қубодиён гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуд.