СОКИНОНИ Ҷ/Д 20-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ОБОДОНИИ МАҲАЛ САҲМ МЕГУЗОРАНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад.

 Дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол ноҳияи Қубодиён сокинони деҳа бо як дасту дили гарм ва ба хотири ободонии деҳаи худ дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" ба ҳашар баромаданд. Дар рафти ҳашар мардуми меҳнатдӯсти деҳа роҳи пиёдагарди маркази деҳаро таъмир ва аз нав сементпӯш намуданд. Дар рафти ҳашари дастаҷамъонаи мардуми сарбаланди деҳа иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаву ободкоронаашонро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд. Мардуми деҳаи мазкур ҳамеша дар ҳама самтҳо фаъолияти густурда дошта, дар роҳи ободонию созандагии як гушаи Ватан, ҳамеша саҳмгузор ҳастанд.