СОКИНОН ДАР ОБОДОНИИ МАҲАЛ САҲМ МЕГУЗОРАНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён корҳои ободониву бунёдкорӣ, сарсабзгардониву ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад.

 Ташаббуси навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли деҳаи Қушачинор ноҳияи Қубодиён мебошад. Сокинони деҳаи мазкур бо як дасту дили гарм ва ба хотири ободонии ватани маҳбубамон Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" ба ҳашар баромада, барои ободу зебо гаштани диёри азизамон талош варзида истодаанд. Дар рафти ҳашар мардуми меҳнатдӯсти деҳа роҳи пиёдагардии маркази деҳаро таъмир ва аз нав сементпӯш намуда истодаанд. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс дар рафти ҳашари дастаҷамъонаи мардуми сарбаланди деҳаи Қушачинор иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаву ободкоронаашонро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Мардуми деҳаи мазкур ҳамеша дар ҳама самтҳо фаъолияти густурда дошта, дар роҳи ободонию созандагии як гӯшаи Ватан ҳамеша саҳмгузор ҳастанд.