"СОАТИ СИЁСӢ" ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №4-и ноҳияи Қубодиён бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва ҷавонон “Соати сиёсӣ” дар мавзӯҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани тарбияи  Ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд.