ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №27 НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №27-и ноҳия Қубодиён бо иштироки омузгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва ҷавонон “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”  Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, гузаронида шуд.