СОАТИ СИЁСӢ ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии № 17-и ноҳияи Қубодиён Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар «Соати сиёсӣ» хонандагон иштироки фаъолона доштанд ва ба онҳо дар мавзӯҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» «Терроризм ва Экстремизм» ва вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон суҳбат гузаронида шуд.