БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ «СОАТИ СИЁСӢ» - ДАР МТМУ №1

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасони синни 16-18 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, ки тибқи нақшаи муштарак байни сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст.

Бо ин мақсад дар муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Қубодиён, бо иштироки директори муассиса “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои “Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Терроризм ва Экстремизм”,  “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ”, “Таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ” ва “Даъват ба хизмати ҳарбӣ” гузаронида шуд.