СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №48 НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон ва Вазорати  Маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №48-и ноҳия бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат  ва омӯзгорони соҳибтаҷриба байни хонандагони сонфҳои болои Соати сиёсӣ дар мавзуҳои зерин: “Терроризм ва Эстремизм”,   “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар ” гузаронида шуд.