ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБӢ БА АЪЗОИ НАВ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23-юми январи соли 2024 мудири  бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат тибқи нақша дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонӣ” ба аъзоҳои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим намуд.

Тибқи рӯйхат ва пешниҳоди ҳисоботи омории ташкилоти ибтидоӣ ба нафарони ба сафи ҳизбӣ ташкилоти ибтидоӣ қабулшуда шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Масъулини Кумитаи иҷроия шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шударо табрик намуда қайд намуданд, ки ҳизбӣ мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.