БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ"

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани атроф ва дохили оромгоҳҳо ҳар якшанбе ташаббуси ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор мегардад.

Чунин иқдом дар оромгоҳи  Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ниёзови деҳаи Пахтакори ноҳия Қубодиён баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс,  имомхатиби деҳа ва дигар сокинону аъзоёни ҳизб иштирок доштанд.
Иштирокчиён ҳамаи хорҳои хушкшуда ва алафҳои хушкшударо ба пуррагӣ тоза намуданд.