НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Қубодиён дар корхонаву муассисаҳо сабзу хуррамгардонӣ аз қабили ниҳолшинониву гулкорӣ, нарм намудани замин барои кишти  баҳорӣ бо маром рафта истодааст.

 Санаи 11-уми январи соли 2024 бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин аз тарафи ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Ҷангал-Ниҳолпарвар” 55 дона ниҳоли хушсифати  ҳамешасабзи арча ба ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён- Боғчаи бачагонаи №1” ноҳия расонида шуд.

Кормандони “Боғчаи бачагонаи №1” дар якҷоягӣ бо масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  ноҳияи Қубодиён дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” ниҳолҳои арҷаи хушсифати ҳамешасабзро дар гирду атрофи боғча шинониданд.