ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 8-уми январи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён гузаронида шуд.​​​​​​​

Дар рафти маҷлис фаъолони аъзои ҲХДТ барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бо сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд.