СОХТМОНИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР ДАР Ҷ/Д БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВИ ДЕҲАИ ГУЗАРИ БОЛО

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббус ва дастгирии  дастгирии соҳибкорони ноҳия Қубодиён бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”   дар деҳаҳои Гузари болои Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав доир гардид.

Дар аксияи ҳизбӣ мардуми ин деҳа дар сохтмони пули мошингузар, ки  масоҳати умумии он ба 80 мташкил медиҳад,  иштирок карданд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  роҳандозӣ намудани корҳои созандагиву ободонии ҳар гӯшаи диёр дар доираи  дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳми иштирокдорон расониданд.

Бояд қайд кард, ки маъракаи созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён бо маром идома ёфта, мардуми шарифи ноҳияи бостонии Қубодиён  суханони Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ дониста, барои ободонии мамлакати азизамон камари ҳиммат бастаанд.