ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ БА АЪЗОЁНИ САЗОЗОР

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4-уми январи соли 2024 мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс тибқи нақша ба ташкилоти ибтидоии “Табибон” рафта, бо қарори ташкилоти ибтидоӣ нафарони ариза пешниҳодкардаро ба сафи ҳизб қабул намуда, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супориданд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шударо табрик намуда қайд намуданд, ки ҳизби мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.