БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №9

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30-юми декабри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳия, бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассиса хониши сиёсӣ баргузор гардид. Оид ба масъалаҳои маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сухан ронда шуд.