БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №1 ДАР АСОСИ НАҚШАИ МУШТАРАК

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30-юми декабри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассиса дар мавзӯъҳои шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид.