РОҲБАРИЯТИ ТИ “МАОРИФЧИЁН” ДАР ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “ТАХТИ САНГИН”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” таҳти роҳбарии Мирзоев Саъдулло дар қисмҳои низомии  ҳудуди ноҳия ба пешвози арафаи Соли нави мелодӣ, дар қисми низомии Дидбонгоҳи сарҳадии “Тахти Сангин”- ноҳияи Қубодиён чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.       

   Зимни баргузории вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ  ҳозиринро ба муносибати соли нави мелодӣ табрику муборакбод гуфтанд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мебарад.      

        Мавриди қайд аст, ки заҳмату талошҳои пайвастаи сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар гардонидани қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ бараъло эҳсос гардида, имрӯз шароити мусоид барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад ба хотири зиёд гардидани меҳри ватандӯстӣ, завқи волои меҳанпарастии хонандагон вохӯрии мазкур баргузор карда шуд.

    Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ дастархони идона ороста ба ҳамаи сарбозон оши палав омода намуда, кӯмаки ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринч, картошка, сабзи, гӯшт, мева ва шириниҳо аз ҷониби роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия расонида шуданд.