ЧОРАБИНИИ ИДОНАИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ  ҚУБОДИЁН ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “ТАХТИ САНГИН”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Хатлон ҷиҳати баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ дар қисмҳои низомии  ҳудуди ноҳия ба пешвози арафаи Соли нави мелодӣ, имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар қисми низомии Дидбонгоҳи сарҳадии “Тахти Сангин”- ноҳияи Қубодиён  маҳфили адабӣ, фарҳангии хотирмон, ҷиҳати иҷрои нақшаи ирсолгардида бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Мардонов Фирдавс, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Намозова Холида ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳоҷагии Авесто” Раҳматов Хурсаншо.          

   Зимни баргузории вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Хаимова Малоҳат суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати соли нави мелодӣ табрику муборакбод гуфтанд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мебарад. 

     

        Мавриди қайд аст, ки заҳмату талошҳои пайвастаи сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар гардонидани қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ бараъло эҳсос гардида, имрӯз шароити мусоид барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад ба хотири зиёд гардидани меҳри ватандӯстӣ, завқи волои меҳанпарастии хонандагон вохӯрии мазкур баргузор карда шуд.

    Ҳамзамон, дар рафти чорабини дастархони идона ороста ба ҳамаи сарбозон оши палов омода намуда, аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия тӯхфаҳои гириени, тубҳо тақдим намуданд.