БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР ДАР МТМУ №31

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати ободу зебо ва гулгулшукуфоии кишвари азизамон имрӯзҳо тамоми қишрҳои ҷомеа пайваста аз пайи корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошанд. Дар доираи аксияҳои ҳизбӣ, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ паи ободкориҳо ҳастанд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии №31 ноҳияи Қубодиён зимни роҳандозии аксияи ҳизбӣ роҳрав, заминҳо, ҷӯйбори обрав ва атрофи муассисаи мазкур тоза карда шуда, дарахтони ороишӣ шинонида шуд.

Аъзои ташкилоти мазкур бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод назди худ мақсад гузоштаанд, ки баҳри покизагии диёри хеш ҳамеша ташаббусҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Қубодиён арҷ гузошта, ба ҳашари дастҷамъӣ баромада саҳми худро мегузоранд.