ШАНБЕГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи диёр бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳия пайваста маъракаи шанбегӣ гузаронида мешавад. Имрӯз маъракаи шанбегӣ таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост!” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаб-интернат” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардид. Дар шанбегӣ аз тарафи ҳашарчиён як қатор корҳои тозагию ободонӣ ба анҷом расонида шуднд. Инчунин, роҳраву гулгаштҳоро аз партовҳо тоза карда, гирди дарахтони сояфканро нарм намуданд.