ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ БА АЪЗОЁНИ НАВ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18-уми декабри соли равон  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб, ба  ташкилоти ибтидоии “Аҳмади Дониш” рафта, дар маросими ба сафи ҳизб қабул намудани нафарони сазовор иштирок намуд. Бо қарори ташкилоти ибтидоии “Аҳмади Дониш” ҷиҳати аъзо шудан ба сафи ҳизб шахсони сазовор пешниҳод гардид. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қарори ташкилоти ибтидоӣ оиди қабул ба сафи ҳизбро ба расмият дароварда, бо шаҳодатномаи ҳизбӣ таъмин кард.

Тибқи рӯйхат ва пешниҳоди ҳисоботи омории ташкилоти ибтидоӣ ба нафарони ба сафи ҳизби ташкилоти ибтидоӣ қабулшуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзошударо табрик карда қайд намуданд, ки ҳизби мо чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.