“СОАТИ СИЁСӢ” БАХШИДА  БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МТМУ №1 НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Маҳз 16-уми ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуда, роҳбарии давлат ба он кас дода шуд. Аз ин рӯ, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Бахшида ба ин санаи муборак 15-уми ноябри соли 2023 бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар МТМУ №1 - и ноҳия “Соати сиёсӣ” доир карда шуд.