ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Маҳз 16-уми ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуда, роҳбарии давлат ба он кас дода шуд. Аз ин рӯ, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Бахшида ба ин санаи муборак 15-уми ноябри соли 2023 бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Мардонов Фирдавс, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Намозова Холида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён” Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.  Дар чорабинии мазкур аз ҷониби баромадкунандагон зикр гардид, ки таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид.