РОҲПАЙМОИИ БОШУКӮҲ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Оли дар маркази ноҳияи Қубодиён роҳпаймоии идона бо як шукуҳу шаҳомати хос доир карда шуд.  Роҳпаймоии идона бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, муовини раиси ноҳияи Қубодиён Эмомализода Турахон, омӯзгорони Коллеҷи Омӯзгории ноҳияи Қубодиён ва донишҷӯёни он, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудудуди ноҳия ва садҳо нафар аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия  бо шиору овезаҳои таранумгари Рӯзи Президент иштирок намуданд. Роҳпаймоии идона аз назди бинои Кумитаи иҷроияи  оғоз гардида, дар назди Кохи фарҳанги ноҳия ҷамъбаст карда шуд.