ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

9-уми ноябри соли 2023 дар толори Қасри Фарҳанги ноҳияи Қубодиён ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади идона кормандони милитсия раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси Кумитаииҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён полковники милитсия Сайфуллозода З ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ  кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун нерӯи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Мақомоти милитсия дар лаҳзаҳои сангини таърихии кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст. Қайд гардид, ки Давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Сипас сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён полковники милитсия Сайфуллозода Зафар бо маърӯзи хеш оид ба таърихи таъсисёбии мақомоти милитсия ёдовар гардида, иброз дошт, ки милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати милитсияи Шӯравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шӯравӣ муаррифӣ карда мешуд. Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта хусусиятҳои ба худ хос касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Имрӯз милитсияи тоҷик дар давоми мавҷудияти худ, аз ҷумла дар муборизаҳои шадид баҳри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза ба ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гурӯҳҳои терористӣ-экстеримистӣ, инчунин бетартибиҳои оммавӣ аз имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба як сохтори пурқудрати боэътимод ва кафили осоиштаи давлату миллат табдил ёфтааст.

Баҳри поси хотири шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар роҳи адолат, пойдории давлату миллат, дар муборизаҳои шадид ҷоннисор кардаанд, дақиқаи хомӯши эълонгирдид.

 

Таъкид шуд, ки имрӯз бо дастгирию пуштибонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои  дохила ба сохтори тавонои ҳифзи тартибот табдил ёфтааст ва барои кормандони он тамоми шароити зиндагӣ ва хизматӣ аз қабили таъминот бо манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ, таҷҳизоти муосир, хизматрасонии тиббӣ ва таълиму фароғат муҳайё карда шудаанд. То имрӯз садҳо нафар кормандони фаъоли милитсия бо мукофотҳои давлатӣ ва дигар ҳавасмандиҳои хизматӣ сарфароз гардидаанд.

Сипас ба як қатор собиқадорон, кормандони милитсия Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ва ба оилаҳои дар сохти конститутсионӣ ҳалок гардида, кӯмакпулии яквақтаина тақдим карда шуд. Ҳамчунин ба ҷавонони фаъоли гурӯҳи Авангарди ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.