Нафақаи ҳизбӣ таъмин карда шуд

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ яке аз ташаббусҳои ҳизбӣ, ки дастгирии маъюбону барҷомондагон мебошад, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар амал татбиқ карда шуд. Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ба се нафар маъюби гуруҳи якум Қурбонназарова Олмахон, Сафаров Маҳмуд ва Ҳасанова Зарина нафақаи ҳизбӣ ба ҳар яки онҳо дар ҳаҷми 500 сомони барои моҳи октябр расонида шуд. Аз ин амали нек пайвандону наздикони нафақагирони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззамии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории самимона иброз намуданд.