ТАЪМИРИ РОҲҲО ДАР МАҲАЛ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати сатҳи баланд  ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалб намудани ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим имрӯзҳо дар тамоми ҳудуди ноҳияи Қубодиён корҳои ободониву созандагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст. Дар ин ободони фаъолнону сокинони ноҳия саҳми хешро гузошта истодаанд.

     Чунин иқдоми созанда санаи 28- уми октябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини деҳаи Гулистон  амалӣ гардида истодааст. Дар бунёдкориву ободони сокинони деҳа, бо дастгирии раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин ва раиси ташкиллоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш” Кулулов Мирзосафар, бо ҷалби ҷавонон Сияҳаков Хуршед, Давлатов Шарифбек ва Ҳомидзода Қурбоналӣ дар якҷояги бо сокинон, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ 10 километр роҳи деҳаи марказии Гулистонро таъмир намуданд

       Аксия мазкур зери унвони “Якҷоя месозем!” баргузор гардида баҳри амали намудани ҳадафу вазифаҳои муайянгардида ва бо ин восита саҳм гузоштан дар ободии диёр амали гардида истодааст.