САҲМИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИДОРАИ МОЛИЯ” ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 21-ум ва 22-юми  октябри соли равон дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо роҳбарии раиси Кумита  Абдуллозода Ваҳобиддин  барои ҷамъоварии пахта ё «тиллои сафед» ба Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳия рафтанд. 

Ҳосили пахта дар марзҳои корам хуб буда, ҳама мардуми деҳа саргарми ҷамъоварии пахта буданд. Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи молия” низ бо деҳқонону саҳмдорон дар чиндани пахта шарик шуданд.
 

   Ёдовар мешавем, ки 10 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилоят Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид. 

 Дар маҷлис гуфта шуд, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, кишоварзони вилоят дар майдони 123251 гектар кишти пахта гузаронида, дурнамои кишти онро 100 фоиз таъмин намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои саривақт ҷамъоварии ҳосили пахта, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида дастуру супоришҳои мушаххас дод.