ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР АМАЛ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

            Санаи 21-уми октябри соли равон дар назди парчами ноҳияи Қубодиён оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошанд.

           Аз ин рӯ, масъулини Кумитаи иыроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён,  кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, кормандони ташкилотҳову муассисаҳо,  аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳо дар самти корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар назди парчами ноҳияи Қубодиён шанбегӣ доир намуданд. Бояд қайд намуд, ки кормандон бо як рӯҳияи баланд барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан, тозаву озода намудани гузаргоҳҳои дохиливу беруни ва гирду атроф, нарм намудани заминҳо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.