Шолӣ муҳимтарин зироати кишоварзӣ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Шолӣ яке аз асоситарин ва қимматбаҳотарин зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон шолипарварӣ соҳаи ояндадор ва сердаромад маҳсуб мегардад. Дар кишвари мо  шолипарварӣ сол аз сол ривоҷ меёбад, чунки он дар заминҳои ба кишти зироатҳои дигар номутобиқ ҳам кишт шуда, ҳосили дилхоҳ медиҳад. Ба ғайр аз ин, дар минтақаҳои гарм шолиро баъди ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ  ҳам кошта, ҳосил рўёнидан мумкин аст.

         Санаи 19-уми октябри соли равон мудири раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Вахобиддин аз замини назди Президентии Ҷамоати деҳоти  20-солагии Истиқлол дидан намуд.