ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ БА АЪЗОИ  НАВ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18-уми октябри соли равон  мудири бахши молияи Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Садиров Аслам бо масъулини кумита тибқи нақшаи фаъолият бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб бо қарори ташкилоти ибтидоии “Аҳмади Дониш” ҷиҳати аъзо шудан ба сафи ҳизб шахсони сазовор пешниҳод гардид. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қарори ташкилоти ибтидоӣ оиди қабул ба сафи ҳизбро ба расмият дароварда шуда шаҳодатномаи ҳизбӣ дода шуд.

Тибқи рӯйхат ва пешниҳоди ҳисоботи омории ташкилоти ибтидоӣ ба нафарони ба сафи ҳизби ташкилоти ибтидоӣ қабулшуда шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Масъулини Кумитаи иҷроия шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шударо табрик намуда қайд намуданд, ки ҳизби мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.