ПАХТА РАМЗИ ДОРОИ ВА БОЙИГАРИИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТИ ТОҶИК  АСТ!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15-уми октябр дар асоси мактуби раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи Маркахии ҲХДТ, Давлаталӣ Саид бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сари вақт ва бетелаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ва тамоми аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо истифода аз ҳавои мусоид ба дастгирии деҳқонони ноҳияи  баромада, дар сафи заҳматкашону ҳосилгирандагони тиллои сафед камари ҳиммат баста, ба онҳо баҳри беталаф ва саривақт ҷамъоварии ҳосили дастранҷашон кӯмак расонида истодаанд. Пахтағундорӣ ин навбат дар хоҷагии  “Авестои ”-и Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин бо иштироки раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозодла Ваҳобиддин, кормандони кумитаи мазкур, хонандагони МТМУ №35-37 ва омӯзгорони муассисҳо сурат гирифт.  

Ҳамагон итминони комил доранд, ки бо ҷонибдории ин иқдоми саривақтӣ ва дурандешона дар рушду намо ва сатҳи иқтисодии давлату миллати хеш каме ҳам бошад, нақши худро мегузоранд.