ХИЗМАТ БА ВАТАН БОИСИ ИФТИХОРИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ.

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

"Хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмарди соҳибватан аст".

Имрӯз дар ноҳияи  Қубодиён "Рӯзи даъватшаванда" дар майдони варзишгоҳи  ноҳия баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, раиси ноҳияи  Қубодиён, мӯҳтарам Сабурзода Мирзодавлвт Абдолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Қубодиён  Абдуллозода Ваҳобиддин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, волидайни даъватшавандагон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикитсон яксаду шаст нафар ҷавони ватандӯст бо ҳисси баланди ватандустӣ барои хизмат ба Ватан ҳозир гаштанд.

Сипас,раиси ноҳияи  Қубодиён  бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳамагонро ба Рӯзи даъватшаванда, ки рамзи хизмати содиқона ва ҷавонмардона ба Ватан аст, табрику муборакбод намуд.

Изҳор дошт, ки барои мо ҷойи ифтихор ва сарбаландӣ аст,ки бо талошҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоламон соҳиби Артиши миллии бонизом гардидааст. Суханони Пешвои миллат тавонбахши руҳу ҷони ҳар як фарзанди содиқ ба Ватан аст, ки чунин гуфтанд: "Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари ору номуси баланди ватандории ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Зеро ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ барои ҳар яки мо қарз ва ҳам фарз аст!"

Инчунин аз ҷониби собиқадорон, даъватшавандагон ва модарони даъватшавандагон ,ки ихтиёран фарзандонашон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд, баромад карда ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар Сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Дар сафи ҷавонмардони Ватан як нафар сарбози ихтиёрӣ аз тарафи Кумитаи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва шаш нафар аз ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба хизмат ҷалб шуда имрӯз бо сари баланд ба хизмати Модар -Ватан гусели гардид.