ПАХТА БОИГАРИИ ДАВЛАТ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар асоси дастуру супориши Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамарӯза ба мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо дар бораи истифодаи самаранок ва мақсадноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

         Санаи  28-сентябри  соли равон  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён чунин суҳбату вохӯрӣ бо сардори хоҷагии деҳқонии “Бобои Сангин”-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён гузарониданд. Барои ҳамкорӣ ва додани маслиҳат ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия изҳори миннатдорӣ карданд ва ҳамчунин дилпурона гуфтанд, ки аз заминҳои дар ихтиёрдоштаашон самаранок ва мақсаднок истифода менамоянд.